Бори миннат мекашам умре зи номардони дун,
Шохаи хушкидаам аз баргу бор афтодаам.
Гарди домони ту гардам боз мегардам малул,
Ман чаро бар доманаш ҳамчу ғубор афтодаам.
Дар ҷаҳони бекарон ҷӯям канор аз ёру дӯст,
Аз канори чун биҳиште чун канор афтодаам.
Нори ширин мекунад ширин агарчӣ комро,
Ин замон хушкидаву дар коми нор афтодаам
Булбули шӯридаам боғу чаман гум кардаам,
Дар миёни ҷамъи зоғон хору зор афтодаам.
***********************
***********************
أكتب تعليق